Тафсири Сураи Ихлос
Дар Макка нозил шуда, 4 оят дорад
Тарчумаи оятҳо: Бигў:" Ўст Худои якто, Худое, ки дар вақти ҳочат ба Ў рўй оваранд, на зода аст ва на зода шуда ва на ҳеч кас ҳамтои ўст!"
Тафсири умуми оятҳо:
Паёмбари Худо(с) ҳамаи мардумро ба парастиши Худои ягона даъват мекард,
зеро ки онҳо мушрик буданд, яъне бутҳоро мепарастиданд, бино бар ин
баъзе аз эшон боре аз он ҳазрат (с) дар мавриди он Худои бузурге, ки
Паёмбар (с) онҳоро ба парастиши Ў фаро мехонд пурсон намуданд, аз ҳамин
чиҳат Аллоҳ таъоло ин сураро нозил намуд.
Сураи мазкур баёнгари ин аст, ки ҳамоно улуҳият ба Худованди бузург хос
буда, касе аз офаридагонаш дар он ширкат надорад. Тавҳиди улуҳият
маънои инро дорад, ки бояд мо тамоми ибодат, дуо ва ниёзиши худро фақат
барои Аллоҳ таъоло анчом диҳем.
Инчунин сураи мазкур ифода кунандаи ин матлаб мебошад, ки яқинан Ҳақ
таъоло зоти бениёз аст, ки ҳамаи махлуқот ба Ў мўҳточ мешаванд. Дар
ҳақиқатан Парвардигоре, ки ҳама мардум дар вақти ҳочат ва сахти ба Ў рў
меоранд, на ба бутҳо бечон ё худоёни сохта, сазовори ин сифоти бузург
мебошад.
Сураи мазкур
низ бозгўкунандаи ҳақиқати зайл аст, ки ҳақиқатан худованди бузург
фарзанд надорад, яъне аз бармеояд, ки ҳақ таъоло зан ва ҳамсар надорад.
Инчунин Аллоҳтаъоло аз касе зода нашудааст, яъне худованд падару модар
надорад ва ў аз тариқи таваллуд шудан ба вучуд наёмадааст.
Албатта ҳама сифатҳои Худованд бар ин далолат менамояд, ки Ў дар миёни
махлуқоташ монанду ҳамтое надорад. Бино бар ин ҳеч имкон надорад, ки
ҳар махлуқи заъиф ва мўҳточ худо бошад. Инчунин худо шудани махлуқе, ки
шабиҳ ва ҳамтои худро дорад, маҳол мебошад. Агар қазия баръакс бошад
пас тамоми махлуқоти ба ҳам монанд, инчунин махлуқоти зоянда ва ононе,
ки аз шиками эшон ба дунё меоянд ва низ фарзандону наберагони онҳо ҳама
иддиои худои мекунанд, ки ин амр назми чаҳонро аз ҳам мепошад, аз ин рў
назарияи мазкур комилан ботил ва нодуруст мебошад.
Ҳамоно Худованди ҳақиқи ҳамон Аллоҳи бузурги яктост, ки на касеро
зодааст ва на аз касе ҳам зоида шудааст ва касе дар миёни махлуқоташ ба
Ў баробар ва монанд намебошад.
Аз китоби тафсирҳо Зайд Умар Абдуллоҳ (Шаҳри Риёз)
|