Тафсири Сураи Фил
Дар Макка нозил шуда, 5 оят дорад
Тарчумаи оятҳо:
Оё
надиди Парвардигорат бо асҳоби фил чи кард? Оё макрашонро ботил насохт?
Ва бар сари онҳо паррандагони фавч-фавч фиристод, то онҳоро бо сиччил
санг борон карданд. Ва ононро чун коҳи пасмонда дар охур, сохт.
Тафсири умуми оятҳо:
Ҳазрати Иброҳим(с) бо фармони Парвардигораш Каъбаи муъаззамаро бино
кард. Арабҳо агарчанде мушрик ҳам буданд, онро эҳтиром намуда, дар
атрофаш тавоф мекарданд.
Дар
Яман подшоҳе буд, ки Абраҳа Ал-ашрам ном дошт. Вай калисои бузурге бино
кард, то мардум онро ибодатгоҳи хеш қарор диҳанд. Барои ин, ки орзуяш
чомаи амал бипўшад, тасмим гирифт ки Каъбаи муъаззамаро вайрон созад,
то ба ин восита арабҳоро мачбур намояд, ки ба калисои ў рў оваранд.
Абраҳа
бо лашкари худ ва фили калоне ба тарафи Маккаи Мукаррама равон гашт.
Вақте, ки лашкари ў ба Макка наздик шуд, фили мазкур аз ҳаракат кардан
ба самти Каъба сар кашид, зеро ки Худованд онро аз ин амал боздошт. Дар
асное, ки лашкари Абраҳа барои пешрафту наздикшави ба Каъба тайёри
медид, Худованд ба сарашон паррандагоне фиристод, ки онҳо бо худ
сангҳое аз лои чаҳаннам доштанд. Паррандагони мазкур он сангҳоро ба
сари лашкари Абраҳа андохтанд, ки чисмҳои эшон чун алафҳои хешдашуда
пора-пора шуд. Оре, Худованд нақшаи онҳоро ботил намуда, эшонро ноком
сохт. Воқиъан Аллоҳ таъоло лашкари Абраҳаро ҳалок намуда, Каъбаро аз ин
ашхос бидуни дахолати аҳли Макка нигоҳ дошт. Худованд арабҳоро ба ин
ҳодиса ёдовар месозад, то онҳо бидонанд, ки ҳомии Каъба Аллоҳ таъолост,
ки онро аз шарри сипоҳи Абраҳа нигоҳ дошт, на ин бутоне, ки онҳо
мепарастиданд, зеро ки онҳо сангони чомид мебошанд, ки ба касе суду
зиён расонда наметавонад ва сабаби дигар ин ки Худованд бо баён кардани
воқеаи мазкур, онҳоро ба эҳсону некиҳо огоҳ намояд. Инчунин Худованди
бузург аҳли Маккаро ҳушдор медиҳад ба ин, ки Ҳақ таъоло бар ҳалок
намудани кофироне, ки зидди Ислом мубориза мебаранд, қодир мебошад, чи
тавре, ки ў асҳоби филро несту нобуд кард.