Тафсири Сураи Аср
Дар Макка нозил шуда ва 3 оят дорад
Тарчумаи оятҳо:
"Савганд
ба ин замон, ки одами дар зиён аст, магар онҳо, ки имон оварданд ва
корҳои шоиста карданд ва якдигарро ба ҳақ суфориш карданд ва якдигарро
ба сабр суфориш карданд."
Тафсири умуми оятҳо:
Худованди таъоло дар ин сура ба замон, ба вежа ба лаҳзаҳои муборакаш,
чун рўзгори Паёмбар (с), вақтҳои намоз, моҳи рамазон ва рўзҳои ҳач
савганд ёд менамояд.
Парвардигор ба ин вақтҳои гаронбаҳо савганд мехўрад, бар ин, ки албатта
одами ба сабаби кирдори бад ва дури аз тоати Худо дар ин дунё гумроҳ ва
дар охират зиёнкор мебошад.
Дар
ҳақиқат Худованд аз ин ҳукми умуми баъзе мардумро хорич карда дар
шаънашон мефармояд, ки онҳо дар гумроҳи ва зиён нахоҳанд буд. Ин гурўҳ
мардум, ки аз гумроҳи ва зиён начот ёфтанд, дорои сифатҳои писандидаи
зайл мебошанд:
1) Ба Худову Паёмбар (с) ва ба дини Ислом имон овардаанд.
2) Ҳамеша корҳои шоиста намуда, аз амалҳои бад даст кашидаанд.
3)
Дигаронро ба роҳи рост раҳнамои карда, ба пазируфтани ҳақ насиҳат
мекунанд,чи тавре, ки эшон насиҳату андарзи дигаронро низ қабул намуда
тибқи он амал менамоянд.
4)
Инчунин онҳо ҳаммаслакони хешро ба корҳои нек, таҳаммули машаққату
сахти дар роҳи даъвати ислом ва низ ба сабру шикебои дар мушкилот
суфориш намуда, бо эшон ҳамкори ва кўмак менамоянд.
Албатта
касоне,ки побанди чунин амалҳои шоиста нестанд, дар дунё гумроҳу сарсон
буда, дар охират ҳам аз биҳишту неъматҳои он маҳрум гашта, зиёни
бузурге хоҳад дид.