Тафсири Сураи Одиёт
Дар Макка нозил шуда ва 11 оят дорад
Тарчумаи оятҳо:
"Савганд
ба аспони давандае, ки нафас-нафас мезананд, савганд ба аспоне, ки ба
сум аз санг оташ мечаҳонанд ва савганд ба аспоне, ки бомдодон ҳучум
оваранд ва дар ончо ғубор барангезанд ва дар ончо ҳамаро дар миён
гиранд, ки одами Парвардигори худро сипос намегўяд ва ў худ бар ин
гувоҳ аст. Ў молро бисёр дўст дорад. Оё намедонад, ки ончи дар гўрҳост,
зинда гардад ва ончи дар дилҳо ниҳон аст, ошкор шавад, Парвардигораш
дар он рўз аз ҳолашон огоҳ аст?''
Тафсири умуми оятҳо:
Худованд дар оғози ин сура ба аспоне, ки бо суръат давида, аз зери пояшон оташ мебарояд, савганд ёд мекунад.
Ин
аспоне, ки размандагони Ислом ба василаи онҳо бомдодон бар душман юриш
мебаранд, гарду ғубор меангезанд, дар ҳоле, ки аспони мазкур худро ба
саффи душман зада ба дохили эшон медароянд ва ин амр баёнгари шучоъат
ва диловарии мучоҳидонест, ки бар ин гуна аспҳо савор мешаванд.
Аллоҳ
таъоло ба ин аспони арзишманд савганд ёд мекунад бар ин ки ҳамоно инсон
дорои баъзе сифатҳои бад аст, ки бархе аз онҳо ба таври зайл баён
мегардад:
1) Инсоне, ки ба эҳсони Худояш эътироф намекунад, албатта он некиеро,
ки аз чониби Худо ба ў мерасад, фаромўш мекунад ва танҳо мусибатҳову
сахтиҳоро ба ёд меорад. Ҳамоно аъмол ва кирдори чунин инсон баёнгари ин
мебошад, ки ў мункири неъматҳои илоҳист, аз ҳамин чиҳат ў бо ин аъмолу
кирдораш ба зиёни хеш гувоҳи медиҳад.
2) Инсоне, ки молу сарватро бисёр дўст медорад, дилбохтагии зиёд ба мол
аксари вақтҳо ўро бар ин вомедорад , ки онро аз роҳҳои ҳаром ба даст
меорад ва низ дар ибодати Парвардигораш, тақсир ва кўтоҳи мекунад.
Худованд
ин гуна инсонро бим медиҳад ва аз ў мехоҳад, ки дар бораи рўзи қиёмат,
ки мардум дар он рўз барои ҳисобу шумори аъмолашон аз қабрҳо мебароянд,
тафаккур намоянд.
Дар
ин рўз Худованд мардумро чамъ намуда, тамоми гуфтору кирдор ва ақидаҳои
интихоб кардаашонро зоҳиру ошкор месозад ва низ эшонро мавриди ҳисобу
шумор қарор медиҳад. Албатта ин амр дар назди Аллоҳ таъоло ниҳоят саҳлу
осон аст, зеро ки Ў аз тамоми корҳои мардум иттилоъ дорад.