Тафсири Сураи Ториқ
Дар Макка нозил шуда, 17 оят дорад
Тарчумаи оятҳо:
''Савганд
ба осмону ба он чи дар шаб ояд! Ва ту чи дони, ки он чи дар шаб ояд,
чист? Ситораест дурахшанда Ҳеч кас нест, магар он, ки бар ў
нигаҳбонест. Пас одами бингарад, ки аз чи чиз офарида шудааст Аз оби
чаҳанда офарида шудааст, ки аз миёни пушту сина берун меояд. Худо ба
бозгардондани ў тавоност, рўзе, ки розҳо ошкор мешаванд ўро на нерўест,
на ёваре. Қасам ба осмони бозборанда! Қасам ба заминрўёни шикофхўрда,
ки ин китоб ҳақро аз ботил чудо кунад ва сухани ҳазл нест! Онон ҳилае
меандешанд ва ман ҳам ҳилае меандешам. Пас кофиронро мўҳлате деҳ, андак
мўҳлаташон деҳ!''
Tафсири умуми оятҳо:
Худованди бузург дар оғози ин сура ба осмон ва ситорагон савганд ёд
менамояд ситораҳои мазкур дар шаб падид омада, зулмату торикиро
мешигофанд ва шиҳобҳои шаб аз он равон шуда, ба замин меафтанд.
Худованд ба ин махлуқоти ачиб қасам мехўрад ба ин ки инсон танҳо
гузошта нашуда, балки ҳамроҳи фариштагонест, ки ўро назорат карда
тамоми гуфторҳо ва кирдорҳояшро менависанд. Худованд инсонро ба ин фаро
мехонад, ки ў дар офариниши худ фикр намуда, аз худ бипурсад, ки чи
гуна офарида шудааст? Дар ҳақиқат оғози офариниши инсон аз чизи ниҳоят
хурд аст, ки он иборат аз оби марду зан мебошад. Оби мазкур баъд аз
омехташави ба нутфаи хурде табдил ёфта калон мешавад, то ин ки аз он
нутфа тифли хурде ташаккул меёбад. Сипас тифли мазкур ба дунё баромада
оҳиста-оҳиста нашъу намо ёфта, бузург мегардад ва дар синни пири ноилоч
ў таслими марг хоҳад шуд.
Ҳароина
Худованд қодир аст бар ин, ки инсонро бори дигар зинда намояд, ки ин
амр рўзи растохез ба вуқўъ мепайвандад. Дар он рўз Худоанд гуфторҳо ва
кирдорҳояшро, ки ў гумон мекард аз мардум пинҳон мемонад, кашф
менамояд. Рўзи растохез инсон қувва ва ёваре ёфта наметавонад, ки ўро
ҳимоя ё мададу ёри намояд, балки фақат амалҳои хешро дармеёбад, ки
ҳамон амалҳо метавонад ўро фоида диҳад, ба шарте ки аъмоли мазкур накў
бошанд.
Худованд
ба осмоне, ки барои замин борон мефиристад ва низ ба замине, ки вақти
омадани об сўрох шуда растаниҳо ба бор меорад, савганд ёд менамояд бар
ин, ки Қуръони карим сухани ҳақ буда, аз тамоми суханони ботил ва
беҳуда пок мебошад. Бо вучуди ин, ки Қуръон ҳақ ва Памёмбар
алайҳиссалом содиқ аст, вале ин кофирон ба куфру такзибашон исрор
варзида ба зиёни Ислом ва муслимин макру дасиса менамоянд. Худованд
мусулмононро итминон ва бовари медиҳад, ки Ў ҳамроҳи эшон буда, тамоми
макру найранги кофиронро табоҳ месозад.
Албатта Худованд бар азоб додани кофирон ва нест кардани эшон қодир
аст, вале Худованди субҳон ба Паёмбари гиромияш мегўяд : Бар азоб
кардани кофирон шитоб макун ва андаке ҳамроҳи мусулмонон дар озору
шиканчаи онҳо сабр намоед, зеро ки оқибату фарчоми кофирон маълум аст
ва он иборат аз бадбахтии дунё ва азоби дардноки охират мебошад.