Главная   Куръан   Тафсир   Медиа
Home Вы тут уже: дней
Главная » 2008 » Февраль » 25 » Тафсири Сураи Буруч
23:32
Тафсири Сураи Буруч

Тафсири Сураи Буруч

Дар Макка нозил шуда, 22 оят дорад

    Тарчумаи оятҳо:

    ''Қасам ба осмон, ки дорандаи бурчҳост ва қасам ба рўзи мавъуд (рўзи қиёмат) ва қасам ба шаҳодат диҳанда ва ончи бад-он шаҳодат диҳанд, ки асҳоби Ухдуд ба ҳалокат расиданд. Оташе афрўхтанд аз ҳезумҳо, онгоҳ, ки бар канори он оташ нишаста буданд ва бар ончи бар сари мўъминон меоварданд шоҳид буданд. Ва ҳеч айбе дар онҳо намеёфтанд, чуз он, ки ба Худои пирўзманди дархўри ситоиш имон оварда буданд он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ўст ва ба ҳар чизе нозир аст. Ҳароина онон, ки мардону занони мўъминро шиканча карданд ва тавба накардаанд, азоби чаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост. Барои касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо чорист ва ин комёбии бузургест ! Фурўгирифтани Парвардигори ту сахт аст. Ўст, ки нахуст меофаринад ва пас аз марг зинда месозад. Ў омўрзандаву дўстдоранда аст. Ў соҳиби арши арчманд. Ҳар чиро ирода кунад, ба анчом мерасонад. Оё достони лашкарҳоро шунидаи? Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд. Оре, онон,ки роҳи куфр пеш гирифтанд, ҳамчунон дар такзиб ҳастанд ва Худо аз ҳама сў бар онҳо иҳота дорад. Бале, ин Қуръони Мачид аст дар лавҳи маҳфуз!''

    Тафсири умуми оятҳо:

    Худованди бузург ба баъзе махлуқоташ савганд ёд мекунад бар ин, ки соҳибони Ухдуд, ки хандақҳо канда мусулмононро дар он сўзонданд, мавриди лаънату нафрин қарор гирифта, дар оташи дўзах сахт азоб дода мешаванд.

     Бешубҳа достони соҳибони Хандақҳо, ки Қуръон аз он хабар медиҳад ба тариқи зайл мебошад : Дар замонҳои гузашта подшоҳе чодугари хосе доштааст, ки аз ў дар баъзе корҳо ёри мехост. Рўзе чодугар барои подшоҳ гуфт : Эй подшоҳ ман воқиъан пир шудаам, пас бароям бачаеро бифирист, ки ба ў сеҳру чодугариро таълим бидиҳам, то дар оянда аз вай истифода бари. Подшоҳ барои сеҳргар писари зираке равон кард, ки ҳар рўз назди чодугар мерафт, то аз ў сеҳрро биёмузад.

     Дар ҳамон роҳе, ки писарак ҳар рўз аз он гузашта назди афсунгар мерафт, як марди парҳезгоре буд, ки ҳамвора Худоро ибодат мекард. Як рўзе писарак дар назди марди парҳезгор нишаста аз вай суханҳову дастуроти хубе дар мавзўъи парастиши Худои ягона шунид, ки ин амр муҳаббати он мардро дар дилаш эчод намуд.

     Рўзе аз рўзҳо писарак дар роҳе равон буд, ки ногоҳ ҳайвони калонеро дид, ки дар роҳи мардум истода, роҳро банд кардааст ва ҳеч кас наметавонад аз чиҳати тарсидан аз он ҳайвони мазкур аз он роҳ мурур намояд. Вақте, ки писарак ин ҳолро дид, худ ба худ гуфт : Ин воқеъа бароям фурсати бузургест, ки акнун мефаҳмам дар назди Худо ки беҳтар аст? чодугар ё марди парҳезгор?

    Сипас аз замин сангеро гирифта, гуфт : Худоё агар он марди парҳезгор дар наздат маҳбубтар ва аз чодугар беҳтар бошад, пас ин ҳайвонро бикуш, то мардум аз роҳ бигузаранд. Сипас ў ҳайвони мазкурро бо санг зад, ки чо ба чо мурд ва мардум ба осони аз роҳ гузаштанд. Баъди ин воқеъа писарак назди марди парҳезгор рафта ўро аз ҳодисаи мазкур хабар дод. Марди порсо ба ў гуфт : Эй писаракам дар ҳақиқат ту дар назди Худои бузург аз ман беҳтар гашти !

     Баъд аз ин писарак беморонро ба хосту ичозаи Худо шифо дода, дар байни мардум машҳур гардид. Марди кўре, ки аз дўстони подшоҳ буд, низ аз писарак шунида ба наздаш омада гуфт : Бинои чашмамро бароям боз гардон, то дида тавонам. Писарак барои марди нобино гуфт : Ман касеро шифо намедиҳам, балки Худованд шифо мебахшад. Агар ба Худои бузург имон биёри, бароят дуо мекунам, то бинои чашматро боз гардонад. Он мард ба Худо имон овард ва писарак Худоро дуо намуд, то ўро шифо диҳад. Худованд дуои писаракро пазируфта, ба марди кўр шифо бахшиду дубора бинояш сохт.

     Рафиқи подшоҳ бино гашту назди подшоҳ рафт, вақте, ки подшоҳ ўро дид дар шигифт омада ба ў гуфт : Ки туро бино кард? Он мард чавоб дод : Парвардигорам. Подшоҳ барояш гуфт: Оё ғайр аз ман Парвардигоре ҳаст? Он мард гуфт : Парвардигори ман ва ту Худованд мебошад.

    Подшоҳ ба лашкариёнаш фармон дод, ки марди мазкурро азобу шиканча диҳанд. Онҳо он мардро чунон уқубату шиканча карданд, ки ночор аз писарак қоил шуд. Лашкариёни подшоҳ дар ҳол писарро ҳозир намуда, тибқи дастури подшоҳ ўро низ азоб доданд, то ин ки ў низ иқрор намуда, онҳоро аз марди парҳезгор хабар дод. Подшоҳ марди порсоро ба наздаш хонд ва аз ў хост, ки парастиши Худои якторо тарк намояд. Он мард аз фармони подшоҳ сар печида, дар динаш пойдори намуд. Оқибат подшоҳ ўро ҳамроҳи марди бино гардида ба қатл расонд.

    Воқиъан подшоҳ бо истифода аз роҳҳои гуногун мехост, ки писаракро бикушад, вале ў ҳар дафъа ноком мешуд. Боре аз тариқи ғарқ кардан, бори дигар аз тариқи аз кўҳ андохтан хост, ки ўро бикушад, вале Худованд дар ҳама ҳолат писаракро аз маргу ҳалокат начот медод. Ин ҳангом писарак ба подшоҳ гуфт : Эй подшоҳ ту маро кушта наметавони магар ин, ки тибқи гуфтаи ман амал намои ! Подшоҳ ба писар гуфт : Кадом тариқаро пешниҳод мекуни? Писарак гуфт : Аз ту талаб дорам, ки мардумро дар як чо чамъ намои, сипас найзаеро гирифта ба овози баланд бигўи : Ба номи Худо, Парвардигори писарак ва он тирро ба сўям бияндоз. Агар ба ҳамин гуфта амал намои, бегумон маро хоҳи кушт. Подшоҳ тибқи гуфтаи писарак амал намуда, ўро бикушт.

     Вақте, ки мардум тафсилоти ин ҳодисаро ба чашмашон диданд дар ҳол иқрор намуданд : Ба Парвардигори писарак имон овардем. Подшоҳ вақте дид, ки мардум ба Худованди бузург имон оварданд хашмгин шуда ба лашкараш фармон дод, ки дар замин хандақҳо канда, дар он оташро шўълавар созанд. Сипас ў (подшоҳ) бифармуд, то ҳар шахсе, ки ба Худо имон овардааст, дар он хандақҳои оташдор бияндозанд. Дар миёни мардуми имоноварда зане буд, ки тифли хурдашро дар бағал мебардошт, вақте, ки ўро ҳамроҳи тифли мазкур барои дар оташ андохтан ҳозир намуданд, андаке дудила шуд, ки тифли хурдаш ба забон омада ба ў гуфт: Сабр кун, эй модар, ҳамоно ту бар ҳақ ҳасти! Пас он зан худашро ҳамроҳи тифл дар оташ андохт ва аз имонаш барнагашт.

    Худованди бузург мўъминонро вақти дар Макка таъзибу шиканча шуданашон, аз ин достон хабар додааст, то ин ки достони мазкур онҳоро бар саботу пойдори дар динашон ва низ сабру таҳаммул кардан дар озору шиканчаи кофирони Қурайш кўмаку ёри намояд, зеро вақте, ки онҳо бидонанд, ки ба баъзе мўъминоне аз умматони гузашта низ азобу шиканчаи сахт расида, вале эшон сабру таҳаммул карда дар динашон пойдор монданд, бегумон ин амр бар саботу пофишории онҳо меафзояд.

     Ҳақиқатан бозгў кардани ин достони таҳдид ва биме барои кофирони Қурайш мебошад, ки агар онҳо ба азобу шиканча додани мусулмонҳо идома диҳанд, ҳароина Худованд эшонро азоби сахт медиҳад, чи тавре, ки соҳибони хандақҳои оташинро азоб додааст ва ў бар ин кор қодир мебошад. Албатта соҳибони ухдуд (хандақҳо), ки иборат аз подшоҳ ва лашкариёнаш мебошанд, дар оташи човидонаи дўзах нишаста азобу шиканча карда мешаванд, зеро ки дастону пойҳояшон бар ин гувоҳи медиҳанд, ки дар ҳақиқат онҳо мўъминонро куштанду сўзонданд ва Худо низ амалҳояшонро дидааст.

     Бадурустие ки он мўъминон нисбати подшоҳ ва лашкараш кадом чинояте накардаанд ва гуноҳашон дар назари подшоҳ фақат ҳамин буд, ки онҳо ба Худованди ғолиб ва тавоно имон оварданд. Аслан имон овардан ба Худо гуноҳ нест, магар дар назари кофирон, ки онро гуноҳ мешуморанд.

    Худованд соҳибони Ухдудро ба ҳамон тариқае, ки онҳо мусулмонҳоро азобу шиканча доданд, азоби сахт медиҳад. Миёни оташи дунё ва оташи сахти чаҳаннам фарқи калон аст, вале агар ин кофирон тавба карда ба Худованди якто имон биёранд, бегумон Ў гуноҳҳояшонро меомўрзад, ки ин амр бар вусъату фарохии раҳмати Худо далолат менамояд.

    Яқинан Худованд мўъминонеро, ки ба динашон чанг зада амалҳои нек намуданд, ба боғҳое медарорад, ки аз таги онҳо чўйҳо равон мебошад ва ин комёби бузург ба сабаби имон ва сабру таҳаммул карданашон насиби онҳо гаштааст.

    Баъд аз баён гардидани достони асҳоби Ухдуд Худованд ба Паёмбараш хитоб карда мегўяд: Ҳамоно Парвардигорат бар азоби сахт додани кофирон қодир мебошад ва ҳаргиз касе аз онҳо аз азоби илоҳи раҳои намеёбад. Бешак амри мазкур дар назди Худо саҳлу осон мебошад, зеро ки Ҳақ таъоло онҳоро халқ карда, рўзи растохез боз эшонро барои бозпурси ва азоб зинда менамояд.

     Инчунин оятҳои охири ин сура баъзе сифатҳоеро ки баёнгари баланди ва бартари Худованд аст, бозгў менамояд, чунончи Худованд мефармояд : Ҳароина Худованд омўрзандааст, ки гуноҳони тавбакунандагон ва омўрзишталабонро мағфират менамояд. Ҳақиқатан Аллоҳ таъоло дўтдорандааст, яъне бандагони парҳезгорашро дўст дошта, орзуҳои ононро бароварда месозад.

    Худованди пок соҳиби арши бузург аст. Арш яке аз махлуқоти бузурги Худо мебошад, ки Худованд бар ҳамон арш истодааст. Аллоҳ таъало ҳар чиро, ки хоҳад мекунад ва ҳечгоҳ касе миёни Худо ва иродаи Ў мониъа шуда наметавонад.

     Дар поёни сураи мазкур Худованд ба Паёмбараш мегўяд, Дар ҳақиқат бароят сарнавишти баъзе кофиронро баён намудем, ки онҳо ё қавми Фиръавн мебошад, ки Аллоҳ таъоло эшонро ғарқ намуда ҳалок сохт, ё қавми Самуд мебошад, ки онҳо фиристодаи Худо Солиҳ(ъ)-ро такзиб карданд, бино бар ин Худованд ҳамаашонро зеру забар кард. Ин сухан барои кофирони Қурайш таҳдид ва биме аз чониби Худост, зеро Худованд умматони пешинро, ки аз Қурайшиҳо қавитар буданд, несту нобуд кард. Вақте Аллоҳ таъоло бар қавме хашм гирифта онҳоро азоб кунад, ҳеч касе наметавонад аз азоби илоҳи гурехта хештанро бираҳонад. Ин азобе, ки кофирон гирифтори он шудаанд, аз он чиҳат аст, ки эшон Қуръони каримро, ки Худованд бар Паёмбараш алайҳиссалом аз Лавҳул маҳфуз фуруд овардааст, дурўғ шуморидаанд.


Аз китоби тафсирҳо Зайд Умар Абдуллоҳ (Шаҳри Риёз)
Категория: КОРАН НА ТАДЖИКСКОМ | Просмотров: 2130 | Добавил: quran | Рейтинг: 3.5/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

Суббота, 18.05.2024, 22:59

Приветствую Вас Гость | RSS



 

Календарь

«  Февраль 2008  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
2526272829

Опрос Пользователей

Оцените мой сайт
Всего ответов: 1484


Аят дня

О те, которые уверовали! Оберегайте себя и свои семьи от Огня, растопкой которого будут люди и камни. Над ним есть ангелы суровые и сильные. Они не отступают от повелений Аллаха и выполняют все, что им велено.(Сура ат-Тахрим, 6 аят)

Кто Онлайн?

Сейчас на сайте:

.
www.muslimka.ru © 2011 Сделать бесплатный сайт с uCoz.